Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаҳои маргталабона дар Гардезу Ҷалолобод


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, рӯзи сешанбе бар асари силсилаи ҳамалоти ҷангиёни толиб, аз ҷумла бо истифода аз бомбгузорони маргталаб, дар ду шаҳр дар шарқи ин кишвар дастикам 9 нафар кушта шуданд.
Бомбгузорони маргталаб аз ҷумла талош карданд, ба мақари ниҳодҳои давлативу амниятӣ дар Гардез, маркази вилояти Пактиё, ҳамла биоранд. Нирӯҳои Амрико мегӯянд, дар Гардез, бино ба хабарҳо, дастикам 3 ҳамлаи интиҳорӣ сурат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки Толибон шумори бомбгузорони маргталаб дар маркази Пактиёро 15 нафар мегӯянд.
Ду маргталаби дигар ҳамин тавр, рӯзи сешанбе талош карданд, вориди фурудгоҳи Ҷалолобод, маркази вилояти бо Покистон ҳаммарзи Нангарҳор, шаванд.
XS
SM
MD
LG