Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқодҳои байналмилалӣ аз шаҳраксозии Исроил


Русия аз Исроил даъват кард, тарҳи зиддунақизи бунёди сохтмонҳои истиқоматӣ дар сарзаминҳои ишғолшуда дар шарқи Байтулмуқаддасро “билофосила” қатъ кунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Андрей Нестеренко гуфт, ин тарҳи сохтмонӣ муноқизи тарҳи сулҳест, ки исроилиҳову фаластиниҳо дар соли 2003 қабул кардаанд. Вазири хориҷаи Фаронса Бернар Кушнер низ гуфт, ки Фаронса сафири Исроилро фаро хондааст, то амсоли Амрико, қатъи бунёди маҳаллоти яҳудинишин дар шарқи Байтулмуқаддасро талаб кунад.
Шветсия, ки раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, низ гуфт, ки Исроил бояд аз иқдомоти ангезандае, чун тахриби манозил ва кӯчонидани мардум, худдорӣ кунад.
Исроил шарқи умдатан арабнишини Байтулмуқаддасро соли 1967 ишғол кардааст.
XS
SM
MD
LG