Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии пулис бо тазоҳургарон дар Теҳрон


Хабарҳои расида аз Эрон ҳокист, ки нирӯҳои пулис рӯзи сешанбе дар пойтахти он кишвар, шаҳри Теҳрон, бо садҳо тан эътирозгарони ислоҳталаб вориди даргирӣ шудаанд.
Ҳамидризои Ходим, як узви аршади Ҷабҳаи миллӣ ба Радиои Фардо гуфт, дастикам 20 нафар боздошт шудаанд.
Эътирозгарон бо вуҷуди манъи чунин тазоҳурот аз сӯи мақомот дар майдони Ҳафти Тир дар маркази Теҳрон гирди ҳам омаданд. Эрон дар пайи эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи рӯзи 12 июни раёсати он ҷумҳурӣ бо мавҷи бузурги эътирозот рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG