Пайвандҳои дастрасӣ

Бархурди нави мухолифин ва полис дар Теҳрон


Имрӯз дар Теҳрон бархурди нави ҷонибдорони мухолифин ва нерӯҳои амниятӣ ба вуқӯъ пайваст. Тавре шоҳидон ба хабаргузориҳои ғарбӣ гуфтанд, дар яке аз майдонҳои пойтахти Эрон садҳо мухолифини ҳукумат ҷамъ омада, алайҳи раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод шиор партофтанд. Полис намоишгаронро пароканда карда ва даҳҳо нафар боздошт шуданд.
Дирӯз оятулло Али Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон, ба мухолифин аз паёмадҳои ногувори идомаи намоишҳои эътирозӣ ҳушдор дода буд. Мухолифин пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи раёсатҷумҳурии 12 июнро зери шубҳа бурдаанд.
XS
SM
MD
LG