Пайвандҳои дастрасӣ

Байден ва Юшенко масоили амниятиро баррасӣ карданд


Раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко ва нойиби раисҷумҳури Амрико Ҷозеф Байден дар Киев масоили амниятиро баррасӣ карданд. Дар нишасти хабарии муштарак Юшенко изҳор намуд, ки кишвараш ба таҳкими равобити миёни Амрико ва Русия манфиатдор аст, зеро якпорчагиву истиқлоли Украина бо равобиташ бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳама мамолики олам пайванд дорад. Ҷозеф Байден, дар навбати худ, гуфт: "Тавре шумо, ҷаноби президент, медонед, мо барои аз сар гирифтани равобитамон бо Русия талош мекунем. Ва аммо мехостам шумо ва ҳама мардуми Украинаро мутмаин созам, ки ин кор аз ҳисоби кишвари шумо сурат нахоҳад гирифт. Баръакс, ман фикр мекунам, ки ин ҳатто ба нафъи Украина хоҳад буд".
Фардо, рӯзи чаҳоршанбе, Ҷозеф Байден ба Гурҷистон сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG