Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Туркия мурофиаи додгоҳие шурӯъ шуд, ки гуфта мешавад пурсару садотарин дар солҳои ахир хоҳад буд.

Мақомоти Туркия генералҳои мустаъфӣ Сенер Еруйгур ва Хуршед Толонро сарварони аслии таҳияи тавтеа алайҳи ҳукумат мехонанд. Гуфта мешавад, ки агар гуноҳи онҳо дар додгоҳ собит шавад, ҳарду низомии замоне воломақом ба ҳабси абад маҳкум хоҳанд шуд.

Зимнан, дар мурофиа Сенер Еруйгур ширкат надорад – ба иттилои хабаргузории Франс Пресс, генерал дар маҳбас аз зинапояҳо ба поён афтод ва ҷароҳати ҷиддӣ бардошт.

Дар маҷмӯъ дар мурофиаи додгоҳие, ки рӯзи душанбе шурӯъ шуд, дар даст доштан дар таҳияи кудатои низомӣ ва табаддулоти давлатӣ 56 нафар гумонбар мешаванд. Ба гуфтаи додситонӣ, ин афрод, ки миёни онҳо низомиён, мансабдорони маҳаллӣ ва донишмандону адибону хабарнигорон ҳастанд, ҳамагӣ мансуб ба гурӯҳи миллатгарои “Эргенекон”анд, ки ба хотири аз байн бурдани Ҳизби ҳукмрони адолат ва рушд таъсис шудааст.

Гурӯҳи "Эргенекон" бояд 7 июли соли гузашта дар 40 вилояти Туркия намоишҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон доир мекард. Пешбинӣ мешуд, ки ин намоишҳо ба хушунат бипечанд ва замина барои кудатои низомӣ омода шавад ...
Род Шаҳидӣ, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ки ин нахустин мурофиа дар робита ба парвандаи гурӯҳи “Эргенекон” нест. Ӯ мегӯяд, ки «дар маҷмӯъ ҳудуди 200 нафар дастгир шуданд ва муҳокимаи онҳо дар додгоҳҳои Туркия оғоз шудааст. Вале ҳанӯз маълум нест, додситонӣ то куҷо метавонад дар додгоҳҳо собит намояд, ки ин идда воқеан ҳам қасд доштанд дар Туркия кудато кунанд. Як силсила аснод, мадорик ва ҳатто силоҳе аз хонаҳо ва анборҳое, ки гуфта мешавад, мутааллиқ ба бархе аз ин афрод аст, пайдо шудааст, ва аммо додситонӣ муваззаф аст собит кунад, ки ин афрод мехостанд аз ин аслиҳа, аснод ва мадорик барои таҳияи кудато алайҳи давлати оғои Эрдуғон истифода кунанд».

Мақомоти Туркия дар бораи талошҳои табаддулоти давлатӣ ҳанӯз моҳи июни соли 2007 хабар дода буданд. Нашрияи туркии “Сабоҳ” бо такя ба мақомоти тафтишотӣ иттилоъ медиҳад, ки тибқи тарҳи созмондиҳандагони гурӯҳи “Эргенекон”, бояд 7 июли соли гузашта дар 40 вилояти Туркия намоишҳои эътирозӣ алайҳи сиёсати иқтисодии ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон доир мекарданд.

Пешбинӣ мешуд, ки ин намоишҳо ба хушунат бипечанд ва ба ин васила, замина барои кудатои низомӣ омода шавад. Ба навиштаи “Сабоҳ”, ба ин хотир ба гурӯҳи “Эргенекон” намояндагони полис ҳам шомил шуда буданд. Онҳо бояд сӯи издиҳом оташ мекушоданд ва барои бархурди тазоҳургарон бо нерӯҳои амниятӣ ва аз байн бурдани чанд тан аз афроди маъруфи ҳукумат мусоидат мекаданд.

Баъди шурӯъи бенизомиҳо ва таҳияи заминаи табаддулоти давлатӣ бояд гурӯҳи “Эргенекон” зимоми ҳукуматро ба даст мегирифт. Дар татбиқи ин тарҳ бояд раҳбарони чанд созмони маҳаллӣ, аз ҷумла, Палатаи тиҷоратии Анқара ширкат мекарданд.

Ва аммо, ба иттилоъи нашрияи “Сабоҳ”, як ҳафта қабл аз ташкили намоишҳои эътирозӣ дар Туркия амалиёти густарда барои боздошти низомиёни воломақом, аз ҷумла, ду генерали мустаъфӣ ва мансабдорону донишмандон ва хабарнигорон шурӯъ шуд. Зимнан, мухолифини ҳукумат бо ин иттиҳом розӣ нестанд ва сарвазир Раҷаб Тайиб Эрдуғонро дар таъқибу фишор болои ҷонибдорони давлати дунявӣ муттаҳам мекунанд.

Род Шаҳидӣ мегӯяд, ки “мухолифини Туркия ин иттиҳомро ба ҳукумати Эрдуғон мезанад, ки онҳо бо истифода аз додгоҳҳо ва додситониӣ, ки таҳти назорати ғайримустақими давлат аст, мехоҳанд аз мухолифин ба навъе интиқом гирад ва онҳоро аз саҳнаи сиёсӣ канор андозад. Вале ин ҳам аз сӯи давлат ва тарафдорони он матраҳ мешавад, ки бо таваҷҷуҳ ба собиқаи артиш ва собиқаи афроде, ки боздошт шудаанд, эҳтимоли кудато ваё амалиёте алайҳи давлати исломгарои Эрдуғон низ чандон баъйид нест”.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз солҳои 60-уми қарни гузашта артиши Туркия чаҳор бор табаддулоти низомӣ доир кард. Кудатои ахир 12 сол пеш ба вуқӯъ пайваст ва баъд аз чанд изҳороти шадидуллаҳни Ситоди Кулли артиш ҳукумати исломгарои сарвазир Наҷиддин Эрбакон маҷбур шуд, ки истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG