Пайвандҳои дастрасӣ

Котиби давлатии ИМА вориди Таиланд шуд


Имрӯз Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА, ба хотири ширкат дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Анҷумани кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ (АСЕАН) вориди Таиланд шуд. Дар ин нишаст, ки қарор аст рӯзи чаҳоршанбе дар ҷазираи Пхукет баргузор шавад, чанд мавзӯъи доғ - таҳдиди ҳастаӣ аз сӯи Кореяи Шимолӣ, вазъи ҳуқуқи башар дар Мянмар ва мубориза бо терроризм мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд. Интизор меравад, ки Ҳилларӣ Клинтон зери Паймони дӯстиву ҳамкорӣ дар Осиёи ҷанубу шарқӣ имзо гузорад. Дар нишасти Пхукет вазирони умури хориҷаи даҳ кишвари узви АСЕАН ва ҳамчунин ҳайатҳои ҳампаймонҳои аслии онҳо – ИМА, Русия ва Иттиҳодияи Аврупо ширкат мекунанд.
Қабл аз ин сафар хонум Клинтон дар Деҳлӣ бо мақомоти Ҳиндустон музокирот анҷом дод ва дар поёни он чанд санади муҳим имзо шуд. Аз ҷумла, ИМА ва Ҳиндустон рӯи паймони амниятие созиш ҳосил карданд, ки ба ширкатҳои амрикоӣ барои фурӯши силоҳ ба Ҳинд иҷоза медиҳад. Дар ҷараёни музокироти Ҳилларӣ Клинтон дар Деҳлӣ ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди бунёди ду реактори ҳастаӣ дар Ҳиндустон ба мувофиқа расиданд.
XS
SM
MD
LG