Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле, ки дар гармои тобистон оби рӯдхонаҳо ва чашмаҳои Бадахшон фаввора мезанад, сокинони се маҳаллаи шаҳри Хоруғ ба камбуди шадиди оби ошомиданӣ рӯ ба рӯ гардиданд.

Маҳрумият аз об ба дунболи қарзи корхонаи обу коррези шаҳр дар назди ширкати барқи «Помир» ва ҳамчунин бинобар сабаби қатъи интиқоли барқ ба дастгоҳҳои обкашӣ арзи вуҷуд кардааст.

Ба гуфтаи сардори ширкати «Помир» Далер Ҷумъаев, қарзи корхонаи обу коррези шаҳр ба 240 ҳазор сомонӣ расида ва ширкат маҷбур шудааст, ки ба қатъи интиқоли барқ чун чораи охирини огоҳӣ ва кӯшиши баргардондани қарз рӯ оварад.

Аммо сокинони маҳаллаҳо ва беморони маркази касалиҳои дил, ки ба мушкилоти дастрасӣ ба об рӯ ба рӯ гардидаанд, мегӯянд, ки алҳол онҳо маҷбур ҳастанд, ошомиданиро аз дарё гиранд.

Сокини шаҳр Гавҳар Гулаҳмадшоева баён дошт, ки оби рудхона олуда буда, байни сокинони маҳаллаҳои беобмонда, ки ба 2 ҳазор нафар мерасанд, нигаронӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятиро афзоиш додааст.

Аммо ба гуфтаи сардори муассисаи обу корези шаҳр Тоҳир Паҳлавонов, кулли даромади солона 280 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва дар сурати пардохти ҳаққи нерӯи барқ дар ихтиёри муассиса қариб чизе боқӣ намемонад.

Вай гуфт, ин дар ҳолест, ки шабакаи обрасонӣ куллан хароб шуда, қариб ҳар рӯз фақат барои таъмири қубурҳои вайрон ва дастгоҳҳои обкаш то 600 сомонӣ масраф мешавад.

Сардори муассиса нигарон аст, ки агар ҳаққи истифодаи барқ бо кумаки давлат ҷуброн нашавад, қарздорӣ ва маҳрумияти сокинони шаҳр аз об ба дунболи қатъи нерӯи барқ дар дастгоҳҳои обкаш ба мушкилоти ҳалнашаванда табдил хоҳад шуд ва хавфи беоб мондан ба маҳаллаҳои дигари шаҳр низ таҳдид мекунад.

Вай гуфт, ки мутахассисон ба мақсади кам кардани истеъмоли барқ лоиҳаи интиқоли табиии об тавассути қубурҳо ба шаҳрро пешниҳод кардаанд, аммо бинобар серхароҷотӣ лоиҳа ҳануз маблағгузор пайдо накардааст.

Ба гуфтаи сардори муассиса, аммо адами корхонаҳои тавлидотӣ ва муфлисии идораҳову муассисаҳо боис шудааст, ки алҳол маблағи ҷамънамудаашон ҳатто барои пардохти ҳаққи барқ, ки нархи он бамаротиб боло рафтааст, кифоят намекунад.

Дар ҳамин ҳол баҳс бар сари наҳваи истифода ва пардохти ҳаққи об байни қароргоҳи марзбонӣ дар Хоруғ ва муассисаи обу коррез ҳарчи бештар ба муҳорибаи ҳақиқӣ шабоҳат пайдо мекунад. Ба гуфтаи масъулини муассисаи обу корез, қароргоҳи марзбонӣ истифодабарандаи бузургтарини об аст, вале ҷиҳати напардохтани ҳаққи истифодаи об дар моҳҳои охир онҳо маҷбур шуданд, ки интиқоли обро ба қароргоҳи марзбони қатъ кунанд.

Ба гуфтаи масъулини муассиса, аммо марзбонон обро худсарона кушодаанд ва ҳамчунини дигар ашхоси номаълум дар ҳудуди қароргоҳи марзбонӣ таҷҳизоти обченкуниро шикастаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG