Пайвандҳои дастрасӣ

Силсилаи таркишҳо дар Ироқ


Бар асари силсилаи таркишҳо дар Ироқ 8 нафар кушта ва беш аз 60 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар як маҳаллаи шианишини канори Бағдод се инфиҷор рух дод, ки мунҷар ба ҳалокати 5 нафар, аз ҷумла, ду тифл гардид. Дар канори як тарабхонаи шаҳри Ромадӣ, воқеъ дар ғарби Ироқ ҳам ду таркиши паёпай ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он се нафар кушта шуданд.
Дирӯз инфиҷорҳо дар шаҳрҳои Ромадӣ ва Мосул ба риштаи умри 10 нафар миқроз зада буд. Ёдовар мешавем, ки се ҳафта қабл низомиёни амрикоӣ аз шаҳрҳои бузурги Ироқ берун шуданд ва акнун таъмини амният бар дӯши низомиёну полис ва хадамоти амниятии маҳаллӣ вогузошта шудааст. Имрӯз Нурӣ Ал-Моликӣ, сарвазири Ироқ, озими Вошингтон шуд ва қарор аст, ки вазъ дар кишварро бо раисиҷумҳури ИМА Барак Обама баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG