Пайвандҳои дастрасӣ

Тафсилоти нави ҳамлаи Толибон ба Гардез


Гурӯҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” барои забти биноҳои идораи полис, ситоди хадамоти амниятӣ ва манзили волии вилояти Пактиё дар шаҳри Гардез ҳамла карданд. Тибқи иттилоъи ахиран расида, дар задухурд панҷ корманди полис ва 5 тан аз ҳамлагарон ба ҳалокат расиданд.. Як ҳамлаи дигар дар шаҳри Ҷалолобод, воқеъ дар марзи Покистон, ба вуқуъ пайваст. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, ду маргталаб талоши вуруд ба фурудгоҳеро карданд, ки он ҷо пойгоҳи низомӣ мустақар аст ва аммо дар даромадгоҳи фурудгоҳ ҳадафи тир қарор гирифтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG