Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқбар барои 17 сол маҳкум ба зиндон шуд


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд сокини ноҳияи Истаравшан Гузал Маъмуровро дар ташкили гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ба хотири интиқоли ҳероин ба Русия муттаҳам ва барои 17 сол равонаи зиндон кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, Гузал Маъмуров сарварии гурӯҳи ҷиноии иборат аз 12 шаҳрванди Тоҷикистон ва Русияро бар ӯҳда дошт, ки дар мошинҳои КАМАЗ ҳамроҳ бо маҳсулоти кишоварзӣ ба шаҳрҳои Магнитогорск, Екатеринбург, Тюмен, Новосибирск, Маскав ва Санкт-Петербург ҳероин интиқол медод. Гуфта мешавад, ки чанд узви гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар шаҳрҳои Белоретск ва Магнитогоск бо миқдори бузурги ҳероин боздошт шудаанд. Сарвари гурӯҳ Гузал Маъмуровро дар вилояти Суғд дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG