Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳилларӣ Клинтон дар нишасти АСЕАН ширкат мекунад


Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА, барои ширкат дар нишасти минтақаии Анҷумани кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) вориди Таиланд мешавад. Дар ин нишаст, ки қарор аст рӯзи чаҳоршанбе баргузор шавад, чанд мавзӯъи доғ - таҳдиди ҳастаӣ аз сӯи Кореяи Шимолӣ, вазъи ҳуқуқи башар дар Мянмар ва мубориза бо терроризм мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд.
Қабл аз ин сафар хонум Клинтон дар Деҳлӣ бо мақомоти Ҳиндустон музокирот анҷом дод ва дар поёни он чанд санади муҳим имзо шуд. Аз ҷумла, ИМА ва Ҳиндустон рӯи паймони амниятие созиш ҳосил карданд, ки ба ширкатҳои амрикоӣ барои фурӯши силоҳ ба Ҳинд иҷоза медиҳад. Мақомоти Ҳинд гуфтанд, ки онҳо барои навсозии таслиҳоташ дар панҷ соли оянда тақрибан 30 миллиард доллар сарф карданианд. Айни ҳол Ҳиндустон техникаву силоҳро асосан аз Русия харидорӣ мекунад. Дар ҷараёни музокироти Ҳилларӣ Клинтон дар Деҳлӣ ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди бунёди ду реактори ҳастаӣ дар Ҳиндустон ба созиш расиданд.
XS
SM
MD
LG