Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғорати ду дафтари СММ дар Сомалӣ


Дар шаҳрҳои Байдоа ва Ваҷид, воқеъ дар ҷануби Сомалӣ, ду дафтари Созмони Милали Муттаҳид ғорат карда шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст. СММ дар бораи мутаваққиф кардани кори дафтари худ дар Байдоа тасмим гирифт ва аммо намояндагии созмон дар Ваҷид фаъолияташро идома хоҳад дод, зеро ин дафтар ҳамоҳангсозии кумакҳои башарӣ дар ҳама минтақаро бар дӯш дорад.
Дар ҳамла ба дафтарҳои СММ гурӯҳи исломии “Аш-Шубоб” гумонбар мешавад, ки алайҳи ҳукумати Сомалӣ мубориза мебарад ва бахши аъзами кишварро таҳти назорат қарор додааст. Вазорати хориҷаи ИМА ин гурӯҳро дар робита ба “Ал-Қоида” айбдор мехонад ва аммо “Аш-Шубоб” ин иттиҳомро қатъӣ рад мекунад.
XS
SM
MD
LG