Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таро Асо парлумони Ҷопонро пароканда кард


Таро Асо, сарвазири Ҷопон, дар бораи пароканда кардани палатаи поёнии парлумон тасмим гирифт. Интихоботи навбатии парлумонӣ дар кишвар 30 августи соли равон доир хоҳад шуд. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, ҳизби сарвазир Таро Асо - ҳизби либерал-демократӣ, ки беш аз ним аср соҳиби қудрат буд, дар интихоботи нав мағлуб хоҳад шуд. Чанде пеш ҳизби ҳукмрон дар интихоботи маҳаллӣ ба маҷлиси Токио заҳри бохтро чашида буд.
Таро Асо моҳи сентябри соли гузашта, дар давраи бӯҳрони амиқи иқтисодӣ, раёсати ҳукумати Ҷопонро бар дӯш гирифт. Ва аммо ӯ ба таҳким бахшидани мавқеъи ҳизби ҳукмрон муваффақ нашуд.
XS
SM
MD
LG