Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавиер Солана вориди Кобул шуд


Ҳавиер Солана, раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, вориди Кобул шуд. Қарор аст, ки ӯ бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай музокирот анҷом диҳад. Дар изҳороти Брюссел гуфта шудааст, ки Солана ҳамчунин бо рақибони Карзай дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 20 август дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Дар Афғонистон аллакай ҳайати нозирони Иттиҳодияи Аврупо дар ин маъракаи сиёсӣ фаъолият мекунад.
ИМА ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ эълом доштанд, ки барои таъмини амният дар ҷараёни интихоботи президентӣ ба Афғонистон нерӯҳои иловагӣ интиқол медиҳанд. Ва ин дар ҳолест, ки моҳи равон талафот миёни низомиёни амрикоӣ - бузургтарин аз оғози амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG