Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳиб Ҷӯраев – пешсафи «Ҷоми ҳокими Тошканд»


Соҳиб Ҷӯраев, шатранҷбози тоҷик
Соҳиб Ҷӯраев, шатранҷбози тоҷик

Соҳиб Ҷӯраев, шатранҷбози тоҷик, пешсафи мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми ҳокими шаҳри Тошканд» бахшида ба 2200-солагии пойтахти Узбакистон мебошад.

Дар ин мусобиқа, ки барои аввалин бор баргузор шудааст, 100 шатранҷбоз аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Тошканд ҳунарнамоӣ мекунанд. Мусобиқа, ки аз рӯи манзумаи суисӣ сурат гирифтааст, дар 9 давр то рӯзи 25-уми июл идома хоҳад кард.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа танҳо як нафар - Соҳиб Ҷӯраев, қаҳрамони феълии шоҳмоти Тоҷикистон, намояндагӣ мекунад. Вай дар 4 бозӣ бар шатранҷбозони Узбакистон Баҳодур Холмирзоев, Акмал Файзуллоев, Нодира Нодирҷонова ва Элбек Ҷуманов пирӯз шуда, 4 имтиёз ба даст овардааст. Инчунин Андрей Квон ва Иброҳим Каримов, ҳарду аз Узбакистон, 4-имтиёзӣ доранд. Аз рӯи натоиҷи изофӣ шатранҷбози 19-солаи тоҷик Соҳиб Ҷӯраев дар ҷои аввал мебошад. Андрей Квон ҷои дуввум ва Иброҳим Каримов ҷои севумро касб кардаанд. Соҳиб Ҷӯраев дар даври панҷум бо яке аз рақибони аслиаш Андрей Квон бозӣ хоҳад кард.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, инчунин, 18 нафар занон ширкат доранд. Байни онҳо Нафиса Мӯъминоваи узбакистонӣ алъон натиҷаи беҳтарин ба даст овардааст. Ӯ пас аз 4 даври мусобиқа бо 3 имтиёз байни 100 нафар мардону занон дар ҷои 13-ум мебошад.
XS
SM
MD
LG