Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Схеффер аз як нокомияш афсӯс мехӯрад


Дабири кулли паймони низомии НАТО Яап де Ҳуп Схеффер гуфт, афсӯс мехӯрад, ки талошҳояш барои ҷалби шумори бештари кишварҳо ба мушорикат дар маъмурияти ин паймон дар Афғонистон ба нокомӣ анҷомид.
Схеффер, ки дар баробари коршиносони сиёсати хориҷӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ӯ мехост тамоми кишварҳои узви эътилоф дар амалиётҳои НАТО саҳми баробар бигузоранд.
НАТО феълан фармондеҳии нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистонро бар ӯҳда дорад.
Танҳо дар моҳи июл дар Афғонистон 55 сарбози НАТО, аз ҷумла 30 амрикоӣ кушта шуданд ва моҳи июл хунинтарин моҳ ҳам барои нирӯҳои НАТО ва ҳам барои нирӯҳои Амрико дар он кишвари ҷангзада маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG