Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Урдун даъвои Исроилро радд кард


Давлати Урдун иддаои сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳуро, ки Байтулмуқаддас метавонад танҳо пойтахти Исроил бимонад, радд кард. Вазири давлатӣ дар умури матбуот ва мухобироти Урдун Набил Шариф гуфтааст, ки Байтулмуқаддаси шарқӣ “тибқи чандин қатъномаи тасвибкардаи СММ” сарзамини ишғолшуда маҳсуб мешавад. Ин посухи Шариф ба суханони Нетаняҳу аст, ки дар ҷаласаи кобинаи вазирони Исроил гуфт, Байтулмуқаддас танҳо пойтахти Исроил метавонад бимонад. Сарвазири Исроил даъвати Амрико ба лағви барномаи бунёди 20 сохтмони истиқоматӣ дар минтақаи арабнишини Шайх Ҷарра дар канори Байтулмуқаддасро радд кард. Исроил шарқи Байтулмуқаддас ва соъир сарзаминҳои каронаи бохтарии рӯди Урдунро, ки қаблан таҳти назорати Урдун буд, соли 1967 дар ҷараёни ҷанги Ховари Миёна забт кардааст.
XS
SM
MD
LG