Пайвандҳои дастрасӣ

Фазонавардони Амрико хостори парвозҳо ба Мирриханд


Дар маросими таҷлил аз солгарди 40-уми фатҳи Моҳ Нейл Армстронг, фазонаварди амрикоӣ ва нахустин инсоне, ки ба рӯи Моҳ нишаст, аз амрикоиҳо даъват кард, ба сафари Миррих омодагӣ бубинанд. Армстронг, ки рӯзи 20 июли соли 1969 ба рӯи Моҳ пой ниҳод, он замон гуфта буд, ки “ин барои як инсон қадаме хурд, вале барои инсоният як қадами бузург аст.”
Фазонавардони амрикоие, ки тибқи барномаи “Апполлон” ба Моҳ парвоз анҷом додаанд, рӯзи душанбе аз НАСА, Ожонси кайҳоншиносии Амрико, даъват карданд, талошҳоро ба хотири анҷоми парвози фазонавардон ба Миррих аз сар бигирад.
Юҷин Кернан, охирин фазонаварди ба Моҳ парвозкарда, гуфт, “ҳадаф дақиқан бояд парвоз ба Миррих бошад.”
XS
SM
MD
LG