Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози ИА ба боздошти веблогерҳои озарӣ


Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо зимни боздид аз Озарбойҷон алайҳи боздошти ду веблогери мухолифи давлат эътироз карданд. Карл Билдт, вазири хориҷаи Шветсия, ки кишвараш раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, гуфт, ки ӯ ин нигаронии ҳайъати аврупоиро ба самъи раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев расондааст.
Видеоблогер ва узви ҷунбиши мухолифон бо номи “ОЛ!” Аднон Ҳоҷизода ва Эмин Миллӣ рӯзи 8 июл дар тарабхонае дар Боку бо иттиҳоми авбошӣ дастгир шуданд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар ин иттиҳомотро бофта меноманд ва мегӯянд, ин ду тарафдори мухолифин ба маҳзи интиқодҳояш аз давлат мавриди муҷозот қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG