Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми тӯлонии ду ҷангсолори собиқи серб


Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар Ҳейг, ки ҷиноятҳои даврони ҷанги шаҳрвандии Югославияро муҳокима мекунад, аз ду серби Буснӣ якеро ба ҳабси умрбод ва дуввумиро ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Милан ва Средоже Лукичҳо ба даст доштан дар “яке аз бадномтарин мавридҳои поккории қавмӣ” айбдор шуданд. Гурӯҳи шибҳанизомии ин ду бародарзода дар замони ҷанг ба азобу шиканҷа ва куштори мусалмонҳои Буснӣ машғул будааст.
XS
SM
MD
LG