Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 нафар аз таркиши бомб дар Фароҳ


Таркиши бомби рӯироҳ дар ҷанубуғарби Афғонистон мунҷар ба ҳалокати 11 мусофир ва ҷароҳат бардоштани ду мусофири дигари як мошин шуд. Ноиби волии вилояти Фароҳ Муҳаммадюнус Расулӣ гуфт, таркиш рӯзи якшанбе рух додааст. Як мақоми дигари маҳаллӣ гуфт, ҳамаи кушташудагон мардон будаанд. Фароҳ дар ин авохир ба мавҷи ҳамалоти ҷангиёни толиб рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG