Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден вориди Украина шуд


Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден вориди Украина шуд. Байден тайи сафари чоррӯзааш ба минтақа ҳамчунин рӯзи чоршанбе аз Гурҷистон дидан хоҳад кард.
Ҷо Байден бояд Тифлису Киевро итминони хотир диҳад, ки талоши Вошингтон ба хотири беҳбуди равобиташ бо Русия ба зиёни муносиботи Амрико бо Украинаву Гурҷистон нест.
Қарор аст, Байден имрӯз дар Киев дар як суханронии густарда раҳбарони мутахосими Украинаро ба ҳамкорӣ дар роҳи ислоҳоти иқтисодиву демократӣ даъват кунад.
XS
SM
MD
LG