Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқоти муҳим байни Ҳинду Амрико


Амрикову Ҳинд рӯи паймони амниятие, ки ба ширкатҳои амрикоӣ ба Ҳинд фурӯхтани таслиҳоти пешрафтаро иҷозат медиҳад, тавофуқ карданд. Ин тавофуқ дар поёни дидори серӯзаи вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз ин кишвари Осиёи ҷанубӣ ба даст омад.
Ҳинд мехоҳад барои навсозии таслиҳоташ, ки аксаран кӯҳна ва сохти ҳанӯз Иттиҳоди Шӯравист, дар 5 соли оянда то 30 миллиард доллар масраф кунад.
Клинтон гуфт, ширкатҳои амрикоӣ ҳамчунин дар Ҳинд ду реактори ғайринизомии ҳастаӣ хоҳанд сохт.
XS
SM
MD
LG