Пайвандҳои дастрасӣ

Пешгирӣ аз қочоқи тангаҳои таърихӣ дар Панҷи поён


Маъмурони гумрук дар гузаргоҳи Панҷи поён, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, аз як талоши қочоқи тангаҳои бостонӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Сухангӯи идораи гумруки вилояти Хатлон Олим Шарифов гуфтааст, аз як шаҳрванди Афғонистон дар ин гузаргоҳ 7 тангаи таърихӣ кашф ва мусодира шуд. Аз ин шумор 4 тангааш марбут ба асрҳои ду ва сеи то мелод будааст.
Як тангаи мусодирашуда марбут ба асри дуи то мелод дар Юнону Ҳинд истифода мешуд ва се тангаи дигари кашфшуда моли замони Бохтар будааст.
XS
SM
MD
LG