Пайвандҳои дастрасӣ

Зайнаб бо ҷурми одамкушӣ маҳкум шуда, беш аз 5 сол аст, ки дар зиндони занонаи шаҳри Норак бандӣ мебошад.

Вай мегӯяд, «ман ҳашт сол боз зиндонӣ мебошам, шавҳарамро куштам». Ба гуфти Зайнаб, имрӯз аз ҷинояти содир кардааш сахт пушаймон аст ва намехоҳад, ки дигар духтарон даст ба чунин амал зананд.

Ҳамсӯҳбатам дар идомаи сӯҳбат духтаронро даъват кард, ки ба пастиву баландиҳои ҳаёт бо таҳаммул бошанд. Зеро маҳз дар ин синну сол духтарон сабукандешӣ карда, даст ба ҷиноят мезананд.

Феълан дар зиндони занонаи Тоҷикистон ҳамтақдирони Зайнаб кам нестанд. Ба гуфти муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукмат Қиматгул Бердиева, айни ҳол дар зиндони занона 243 зан маҳбус мебошанд, ки аз ин теъдод 30 дарсадашро занҳои ҷавон ташкил мекунанд.

Айни ҳол дар зиндони занона 243 зан маҳбус мебошад, ки аз ин теъдод 30 дарсадро занҳои ҷавон ташкил мекунанд...
Ба гуфти хонум Бердиева духтарон асосан бо гуноҳи содир кардани қочоқи маводи мухаддир ва ташкили фоҳишахонаҳо зиндонӣ гардидаанд.

Қиматгул Бердиева мегӯяд, «занҳо аз синни 14 то 74-сола зиндонӣ мебошанд, ки аз он ҷумла 6 духтари ҷавон бо ҷурми нашъаҷалобӣ ва 1 нафар бо ҷурми ташкили фоҳишахона ҳукм гирифтаанд. Ҳамчунин 7 нафар кӯдаки дигар бо модарашон ҳам нигоҳ дошта мешаванд».

Падидаи маҳбус шудани занон ва духтарон дар ҷомеаи Тоҷикистон баъди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ афзоиш ёфтааст. Бино ба иттилои муассисаи корҳои ислоҳотии вазорати адлия, шароити нигоҳдошти занон ва духтарон дар зиндонҳои Тоҷикистон ба талаботи қонунгузории кишвар ҷавобгӯ буда, ҳамзамон бо духтарон кӯмакҳои тиббӣ ва равонӣ расонида мешавад.

Дар авфи охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон иддае занон аз авф баҳраманд шуданд. Вале бо гузашти вақт бархе аз ин занон дубора ҷиноят содир карда боз зиндонӣ шуданд.

Раъно Назирова, ки ду сол пеш аз зиндонгоҳи занонаи Норак дидан кардааст, мегӯяд ҳангоми ошноӣ бо вазъи занони маҳбус маълум шуд, ки иддае аз занони синашон аз 20-сола боло баъди афв ва ё тамом шудани мӯҳлати ҳукм боз маротибаи дигар ҷиноят содир карда, ҳукм гирифтанд.

Мутахассиси ҷавони маркази тадқиқоти стротегии назди раисиҷумҳур Муҳаё Неъматова мегӯяд, ки духтарони тоҷик дар шароити бади иҷтимоӣ қарор доранд ва ин ҳолат боиси он мегардад, ки онҳо барои таъминоти моддии хеш даст ба ҳаргуна амалҳои нангин ва ҷиноят зананд.

Ба гуфти хонум Неъматова, дар ин самт духтарон танҳо гунаҳкор нестанд, балки волидайн, муҳити мактаб ва сохторҳои кор бо занон низ гунаҳкоранд. Зеро онҳо натавонистаанд, ки дар тарбияи духтарон дуруст саҳм гузоранд.

Муҳаё Неъматова мегӯяд, «бубинед, худкушӣ аз тарафи духтарон чӣ қадар бисёр шудааст. Маънавиёти духтарон паст аст».

Таҳлилгари ҷавон бо назардошти вазъи феълии духтарон ва таъсири фақри иҷтимоӣ дар ҳаёти онҳо ибрози нигаронӣ карда, мегӯяд, ки бояд сохторҳои марбута дар бахши беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва ҳаёти духтарон тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешанд.

Вагарна дар шароити шиддат гирифтани бӯҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, эҳтимоли афзоиш ёфтани ин хатар вуҷуд дорад. Зеро имрӯз фақру нодорӣ дар ҷомеа шакл гирифта, боиси аз маърифат дур шудани духтарон гардидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG