Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Ироқ 8 нафар кушта шуданд


Бар асари ҳамла ба кормандони полис дар шаҳри Мосул, воқеъ дар шимоли Ироқ, дасти кам 5 нафар кушта шуданд. Ба иттилоъи расмӣ яке аз кушташудагон сокини осоишта аст.
Аз ин пеш бар асари таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар шаҳри Ромадӣ, маркази вилояти Анбор, воқеъ дар ғарби Ироқ, 3 нафар, аз ҷумла, ду корманди полис ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса чаҳор нафари дигар, ба шумули ду корманди полис, ҷароҳат бардоштанд. Ҳафтаи гузашта инфиҷори маргталабона дар канори як масҷиди шаҳри Ромадӣ мунҷар ба ҳалокати 6 нафар шуда буд.
XS
SM
MD
LG