Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Брюссел алайҳи боздошти мухолифини озарӣ


Иттиҳодияи Аврупо алайҳи боздошти ду тан аз фаъолони мухолифини озарӣ эътироз баён кард. Карл Билдт, вазири умури хориҷаи Шветсия, кишвари раҳбари даврии Иттиҳодияи Аврупо, дар ҷараёни сафараш ба Боку гуфт, ки дар мулоқот бо раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев аз сарнавишти фаъолони боздоштшудаи мухолифин изҳори нигаронӣ кардааст.
Фаъолони мухолифин рӯзи 8 июл дар Боку бо иттиҳоми авбошӣ боздошт шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ин иттиҳомро тақаллубӣ мехонанд ва мегӯянд, ки мақомот аз мухолифин барои нашри маводи интиқодӣ дар интернет интиқом мегиранд.
XS
SM
MD
LG