Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи навбатии маҷаллаи «Як рӯз бо Шӯмо» ба мушкилоти роҳ ёфтан ба шоу-бизнес, ё саҳнаи ҳунар дар Тоҷикистон бахшида шудааст.

Чанде пеш суруди як овозхонро аз тариқи радио шунидам, ки хушам омад ва аз чанд нафар дӯстон ва ҳамкорон исми он пурсидам, гуфтанд, ки барояшон ношинос аст.

Баъдан фаҳмидам, ки ӯ Парвин Муродӣ будааст, вале бисёриҳо мегуфтанд, ки танҳо овозашро шунидаанд аммо чеҳраашро боре ҳам ҳатто дар телевизиён надидаанд. Тасодуфан бо ӯ вохӯрдам ва чун фаҳмид, ки ман хабарнигор ҳастам, дар атрофи ҳунараш як сӯҳбат доштем.

Парвин таъкид ба таъкид мегуфт, ки мехоҳад ба шоу бизнес ворид шавад. Аммо мушкилоте дар ин роҳ дар пешаш аст. Бинандаи азиз бо Парвин Муродӣ дар идомаи барнома сӯҳбате дорем, вале дар сӯҳбат бо чанд роҳгузар ва корсозу оҳангсоз ибтидо мехоҳем маънии шоу бизнесро рӯшан кунем, истилоҳеро, ки солҳои ахир атрофи он дар Тоҷикистон сӯҳбатҳо зиёд сурат мегиранд.



Оҳангсоз ва продюсери тоҷик ишорат мекунад, ки усулҳои ворид шудан ва ҷои по пайдо кардан дар саҳнаи тоҷик, дар шоу бизнеси тоҷик хеле печида аст ва назокату каҷравиҳое дорад. Идомаи сӯҳбат бо Фарҳод Зикоров дар ҳамин мавзӯст ва низ дар пай сӯҳбати ваъда кардаамон бо сарояндаи тоҷик Парвин Муродӣ, ки талошҳои номуваффақ ҷиҳати ворид шудан ба шоу бизнеси тоҷикро дорад.



Парвин Муродӣ ҳарчанд овози хуб ва низ ҳунари хуби хонандагӣ дорад, аммо ҳамеша меандешад ва эҳсос дорад, ки дар саҳнаи хонандагии тоҷик, дар шоу бизнеси тоҷик бештар онҳое, манзураш духтароне роҳ меёбанд, ки ҷавонанд, симои зебо доранд, ҳарчанд ҳунарашон зиёд қобили таваҷҷӯҳ нест.



Хонанда ва бинандаи азиз пас шумо ҳам агар дар дил орзуи ситораи ҳунар шудан, ворид гаштан ба шоу бизнеси тоҷикро доред, пас ноҳамвориҳои ин ҷодаро, ки мусоҳибонам дар ин шумораи маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» ишорат карданд, фаромӯш накунед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG