Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон ва Сингх гармшавии иқлимро баррасӣ карданд


Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА, имрӯз дар Деҳлӣ бо сарвазири Ҳиндустон Манмоҳам Сингх музокирот анҷом дод. Дар ин гуфтушунид, аз ҷумла, мавзӯъи гармшавии иқлим баррасӣ шуд. Хонум Клинтон имрӯз дар сӯҳбат бо донишҷӯёни донишгоҳи Ню-Деҳлӣ гуфт, ки нигарониҳои кишварҳое чун Ҳиндро дар мавриди гармшавии ҳаво хуб дарк мекунад. Аз нигоҳи ӯ, “ИМА ва дигар кишварҳое, ки газҳои гулхонаиро бештар ихроҷ мекунанд, бояд хараҷоти бештари марбут ба ҳифзи муҳити зист ва коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ ба фазоро бар дӯш бигиранд”.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари Котиби давлатии ИМА ба Ҳиндустон қарордод дар бораи афзоиши фурӯши силоҳи амрикоӣ ба Ҳинд имзо шавад.
XS
SM
MD
LG