Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Уйғурҳои Қазоқистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, барои таҳқиқи рӯйдодҳои ахири Шинҷон ва нақзи ҳуқуқи инсон дар Чин як ҳайати байнулмилалӣ таъсис ёбад.

Ширкатдорони ҳамоиш талаб карданд, ки таъқибу шиканҷа алайҳи мардум дар ин кишвар хотима дода шуда, ҳама боздоштшудагон аз зиндонҳо озод карда шаванд ва ҳукми эъдом нисбати тазоҳуротгарон лағв гардад.

Ҳамчунин ширкатдорон аз ҷомиаи байналмилалӣ хостори таваҷҷӯҳи бештар ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Чин шуданд.

Тавре ки интизор мерафт, ин ҳамоиш бояд тибқи иҷозаномаи шаҳрдории Алмаато дар боғи истироҳати Сариарка воқеъ дар канораи шаҳр баргузор мегардид.

Вале, тавре созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ гуфтанд, як рӯз қабл аз ҳамоиш ба онон хабар мерасад, ки гӯё ҷониби Чин барои роҳандозии тавтеъа ба Қазоқистон гурӯҳи иғвогаронро фиристодааст.

Аз ин хотир баъд шаҳрдорӣ ба ихтиёри уйғурҳо бузургтарин кохи кишвар-- кохи "Ҷумҳурият"-ро пешниҳод кард. Вале ин кох ҳама

ширкатдорони гирдиҳамоиро гунҷонида натавонист ва беш аз 8 000 нафар аз ҷараёни гирдиҳамоӣ ҳам дар толор ва ҳам берун аз он тавассути баландгӯякҳо огоҳ шуданд.

Дар гирдиҳамоӣ ширкатдорон изҳор карданд, ки ҳукумати Чин ҳаракати осоиштаи мардумро ба таври шадид пароканда карданд ва ба асари он шумораи зиёди мардуми осоишта кушта шуданд.

Бар пояи иттилои расмиии Чин қурбониёни тазоҳуроти 5 июл ва баъди он наздик ба 200 нафар аст, вале дар гирдиҳамоӣ таъкид шуд, ки шумораи кушташудагон тибқи арқоми ғайрирасмӣ болиғ аз ҳазор нафар аст.

Сарварони маркази фарҳангии уйғурҳои Қазоқистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ва донишмандон таъкид карданд,ки сабаби асосии ҳама ҳамоишҳои эътирозӣ дар Шинҷон ин беадолатиҳои дар кишвар мавҷуда аст.

Сиёсатшиноси уйғур Қаҳрамон Хӯҷамбердӣ таъкид мекунад, ки сабабҳои ин эътирозҳо басо амиқанд. Инҳо омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва бо як ҷумла бигӯем, ин натиҷаи сиёсати истеъморгаронаи Чин аст.

Дар гирдиҳамоӣ ба ҷузъ уйғурҳо ҳамчунин намояндагони қазоқу укроин низ суханронӣ карда ба уйғурҳо барои дар Чин кушта шудани ҳаммилатонашон изҳори тасаллият ва аз мубориази онон барои ҳуқуқҳояшон пуштибонӣ намуданд.


Дар гиридҳамоӣ ҳарчанд созмондиҳандагон таъкид карданд, ки ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назананд, вале ҷавонони уйғур борҳо парчами сабзи Туркистони шарқиро боло карданд ва аксари ширкатдорон дар даст латтапораҳои сиёҳу сабз баста буданд. Яке аз сухангӯён бошад, хостори озодиву эҳтиром ва ваҳдату истиқлоли уйғурҳо шуд.

Чунин ҳамоишҳои эътирозии уйғурҳо дар дигар маҳалҳои қазоқистон ва берун аз он низ доир гардида буданд. Вале ин бори нахуст аст, ки чунин гирдиҳамоии бузурги бисёрҳазорнафараи расман аз ҷониби ҳукумат иҷозадодашуда дар Қазоқистон баргузор мегардад ва он ҳам алайҳи нақзи ҳуқуқи инсон дар Чин, яке аз кишварҳои аз ҷиҳати стротегӣ наздики Қазоқистон ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG