Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди мубталоёни "зукоми хук" дар Русия


Дар Русия расман 9 ҳодисаи гирифторӣ ба маризии "зукоми хук" ваё H1N1 сабт шудааст. Дар ин бора ахиран сарвари бахши беҳдоштии ин кишвар Геннадий Онишенко хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳри Маскав чаҳор нафар бо гумони мубталоӣ ба "зукоми хук" дар бемористонанд. Онҳо чанд рӯз қабл аз сайёҳат ба ИМА, Испания ва Булғористон баргаштаанд.
XS
SM
MD
LG