Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ бо пирӯзии варзишгарони вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Муовини сардовари ин мусобиқа Ҳасан Шарипов, мудири мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ, ба радиои Озодӣ гуфт, 56 варзишгар дар ҳайати 4 даста дар рудхонаи Сири шаҳри Хуҷанд дар ду навъи қаиқронӣ - байдарка ва каноэ тӯли ду рӯз қувваозмоӣ карданд. Оқои Шарипов афзуд, вале, мутаассифона, барои аввалин бор аст, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ варзишгарони вилояти Хатлон ширкат накарданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Сергей Тулянов, узви дастаи вилояти Суғд, дар байдарка ба масофаҳои 500 ва 1000 метр ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Ҳамдастааш Алишер Бобоҷонов дар ин навъи рақобатҳо ба масофаи 200 метр мақоми аввалро касб кард. Вай, инчунин, бо шарикаш Равшан Турсунови душанбегӣ дар байдаркаи дукаса ба масофаи 200 метр ғолиб шуданд.

Варзишгарони Душанбе Ринат Ахметшин ва Зоиршоҳ Набиев дар байдаркаи дукаса ба масофаи 500 метр, Зоиршоҳ Набиев ва Нурмуҳаммади Тоҳирӣ ба масофаи 1000 метр бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Дар сабқати каноэ Рустам Ансаров, узви дастаи вилояти Суғд, 5 медали тилло ба даст овард. Ӯ дар каноэи яккаса ба масофаҳои 500 ва 1000 метр дар ҷойҳои аввал қарор гирифт. Инчунин Рустам бо шарики худ Виталий Сериков, аз шаҳри Хуҷанд, дар каноэи дукаса ба масофаҳои 200, 500 ва 1000 метр пирӯз шуданд.
Дар каноэи яккаса ба масофаи 200 метр варзишгари вилояти Суғд Азиз Бобоҷонов соҳиби медали тилло гашт.

Занон танҳо дар байдаркаи яккаса қувваозмоӣ карданд. Фирӯза Ҳусейнова, узви дастаи вилояти Суғд, дар рақобатҳо ба масофаҳои 500 ва 1000 метр ду медали тилло ба даст овард.

Ба иттилоъи Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон дар сурати пайдо кардани маблағи зарурӣ дастаи мунтахаби қаиқронии кишвар дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки авохири моҳи сентябр дар Эрон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG