Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мошоӣ хабари истеъфояшро рад кард


Исфандиёр Раҳим Мошоӣ, муовини раисиҷумҳури Эрон, иттилоъи хабаргузориҳо дар бораи истеъфояшро рад кард. Дар торномаи интернетии Мошоӣ гуфта шудааст, иттилоъ дар ин бора дурӯғе буд, ки аз сӯи “душманони ҳукумат паҳн шудааст.
Рӯзи якшанбе шабакаи телевизионии давлатии инглисзабони Press-TV хабар дод, ки Мошоӣ, қудои раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод, се рӯз баъд аз пазируфта шуданаш дар мақоми нойиби раисиҷумҳур бар асари ошкор шудани пайванди хешутаборияш бо Аҳмадинажод аз мақомаш истеъфо додааст. Мошоӣ соли гузашта барои гуфтаҳояш дар бораи он ки Эрон дӯсти мардуми Исроил аст, ҳадафи танқиди муҳофизакорон ва, аз ҷумла, раҳбари рӯҳонии кишвар Оятулло Алӣ Хоманей қарор гирифта буд.
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Хотамӣ, раисиҷумҳури пешини Эрон, бо пахши як баёния хостори баргузории раъйпурсӣ оид ба қонунияти ҳукумати феълии кишвар гардид. Ба гуфтаи ӯ, фақат ба васила метавон ба бӯҳрони баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ баамаломада хотима гузошт. Пешниҳоди Хотамӣ дар бораи раъйпурсӣ дар чанд сомонаи интернетии нерӯҳои ислоҳотталаби Эрон нашр шудааст.
XS
SM
MD
LG