Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор корманди полис дар роҳ сӯи Хайбар


Дар шимолу ғарби Покистон чаҳор корманди полис кушта шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, гурӯҳи пайгарди полис дар канори шаҳри Пешовар ба доми мусаллаҳони мухолифи ҳукумат уфтод. Масъулияти ҳамларо то ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
Гурӯҳи кормандони полис роҳе сӯи минтақаи Хайбарро таҳти назорат доштанд, ки он ҷо афроди мусаллаҳ пайваста ба мошинҳои ҳомили бор барои нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон ҳамла мекунанд.
XS
SM
MD
LG