Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манобеи умури дохилии Бадахшон иттилоъ медиҳанд, ки дар шаҳри Хоруғ ду нафар бо маводи тарканда дастгир шудаанд.

Бино ба хабари ин сарчашмаҳо, амалиёти боздошти ин афрод дар ҳамкорӣ бо марзбонон сурат гирифта, аз боздоштшудагон 7 адад васоити мухобиротӣ, дурбин, норинҷак ва миқдори зиёди маводи таркандаи дигар мусодира шудааст.

Ин афрод шаҳрвандони Тоҷикистон буда, яке аз онҳо сокини ноҳияи Исфара мебошад. Афроди боздоштшуда тайи моҳи ахир дар як манзили иҷора дар шаҳри Хоруғ ба сар мебурдаанд. Гумон меравад, ки онҳо аслиҳа ва маводи таркандаро тавассути марз аз Афғонистон ворид карда, қасд доштаанд, бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар манотиқи назди Помир бипайванданд.

Сокинони шаҳри Хоруғ мегӯянд, ки амалиёти боздошт ногаҳонӣ ва бидуни ягон тирпарронӣ пиёда шудааст.

Алимурод Ошурмамадов, сокини шаҳри Хоруғ, ки афроди дастгиршуда дар хонаи ӯ иҷоранишин будаанд, мегӯяд, вай аз тангии шароити иҷтимоӣ як ҳуҷраи хонаашро ҳамеша ба иҷоранишинон месупоридааст ва гумон намекард, ки ин дафъа дар хонааш чӣ касоне паноҳ бурдаанд.

Ба гуфтаи Алимурод, ҳангоме ки кормандони мақомоти умури дохилӣ ӯро ҳини амалиёт ба ҳуҷраи иҷоранишинон даъват кардаанд, силоҳ ва муҳиммоти мусодирашударо дидааст.

Мақомоти дохила афроди боздоштшударо барои идомаи тафтишот ба таври оҷил ба шаҳри Душанбеӣ интиқол додаанд.

Ҳамзамон раёсати умури дохилии Бадахшон гузаронидани амалиёт ва боздошт шудани афроди мусаллаҳро тасдиқ накард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG