Пайвандҳои дастрасӣ

"Локомотив" рӯзи 28 июл бо "Регар" бозӣ мекунад


Ҳафтаи оянда, рӯзи 28 июл, дар бузургтарин майдони варзишии Тоҷикистон бозии дӯстонаи дастаи футболи “Локомотив”-и Маскав бо “Регар-Тадаз”-и Турсунзода баргузор мешавад.
Бозии мазкур барои дастаи “Регар” ҷиҳати идомаи бозиҳои қаҳрамонӣ дар тирамоҳи имсол ва дарёфти ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё, ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон доир мешавад, муҳим арзёбӣ мешавад. Бозиҳои барои дарёфти ҷоми КФО қарор аст, рӯзҳои 25-27 сентябри соли равон дар Душанбе баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG