Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия роҳи сигорро боз ҳам сахттар баст


Туркия доираи қарори манъи сигоркашиашро боз ҳам тавсиъа дод. Аз рӯзи якшанбе дар тамоми тарабхонаҳову ошхонаҳои ин кишвар кашидани сигор манъ шуд.
Анкара ҳанӯз дар моҳи майи соли гузашта сигоркаширо дар бисёре аз нуқоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар дафтарҳои корӣ, манъ карда буд. Бино ба оморҳо, шумори мардуми сигорӣ дар Туркия аз марзи 20 миллион нафар мегузарад, аммо бар асоси назарсанҷиҳо, аксарият аз қарори манъи кашидани тамоку пуштибонӣ мекунанд. Акнун барои кашидани сигор дар нуқоти мамнӯъ ҳам афроди сигорӣ ва ҳам соҳибони ошхонаву тарабхонаҳо ҷаримаҳои ҳангуфт хоҳанд супурд.
XS
SM
MD
LG