Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ортега аз роҳи Ҳондурас рафтан мехоҳад


Президенти Никарагуа Даниэл Ортега дар маросими таҷлил аз солгарди 30-юми инқилоби сандинистӣ, ки ҳукумати диктатории коммунистҳоро барои як даҳсола дар ин кишвари Амрикои марказӣ ҳоким кард, гуфт, ки мехоҳад ба хотири дарёфти ҳаққи интихоби дигарбора ба курсии раҳбарии кишвар тавассути раъйпурсӣ Қонуни асосиро тағйир диҳад.
Қонуни асосии Никарагуа, ки баъди солиёни ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1995 тасвиб шудааст, ба як нафар ҳаққи танҳо як давраи раёсати бидуни фосиларо медиҳад.
Даниэл Ортега, ки дар давраи коммунистҳо як муддат раҳбари Никарагуа буд, соли 2006 тавассути интихобот дубора ба симати раҳбарӣ нишаст.
XS
SM
MD
LG