Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари ояндаи НАТО ба Маскав сафар хоҳад кард


Андерс Фог Расмуссен, ки рӯзи 1 август расман ба курсии дабири кулли паймони низомии НАТО хоҳад нишаст, гуфт, мехоҳад ба зудӣ ба Маскав сафар карда, раҳбарони Русияро итминони хотир диҳад, ки ин паймон бар зиддаш нест ва мехоҳад равобитро бо Маскав беҳтар кунад. Расмуссен дар сӯҳбат бо нашрияи фаронсавии “Мидӣ Либре” гуфт, НАТО ҳамзамон ба ин нукта исрор меварзад, ки Русия бояд ба ҳамсояҳояш, назири Гурҷистон, эҳтиром қоил шавад.
Равобити НАТО бо Русия баъд аз ҷанги кӯтоҳи моҳи августи соли гузашта байни Русияву Гурҷистон дучори сахттарин таниш аз замони хатми Ҷанги сард шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG