Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алиев ва Саркисиён хостори боз як мулоқот шуданд


Бино ба хабарҳо, руъасои ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Арманистон мехоҳанд дар тирамоҳи соли ҷорӣ як бори дигар дар Маскав ба манзури музокироти роҳҳалҳои низоъ бар сари вилояти ҷудоиталаби Кӯҳистони Қаробоғ мулоқот кунанд.
Охирин мулоқоти Илҳом Алиев ва Серж Саркисиён бо миёнҷигии ҳамтои русашон Дмитрий Медведев рӯзи шанбе дар Маскав дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои муштаракулманофеъ доир шуд.
Вилояти умдатан арманинишини Қаробоғ дар авоили солҳои 90 худро аз Озарбойҷон мустақил эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG