Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гейтс:"Амрико бояд то як соли оянда пирӯз шавад"


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфт, нирӯҳои таҳти раҳбарии Амрико бояд ба хотири рафъи ин ақида, ки пирӯзӣ дар ҷанги Афғонистон ғайримумкин аст, то тобистони соли оянда дар он кишвар ба пешрафт даст биёбанд.
Гейтс пирӯзӣ бар Толибонро дар ҳар сурат “нақшаи дарозмуддат” номид ва гуфт, Амрико бояд ин ҷангро то як соли дигар бубарад. Ӯ афзуд, нирӯҳои Амрикоро мебояд тайи як соли оянда вазъро тағйир диҳанд, вагарна пуштибонии ҷомиаро зоҳиран аз даст хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG