Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои сохти русӣ дар Қандаҳор


Як чархболи русии ғайринизомӣ имрӯз дар қароргоҳи НАТО дар Қандаҳор, ҷануби Афғонистон чанд дақиқа баъди аз замин канда шуданаш суқут кард. Назар ба иттилои сухангӯи НАТО дар натиҷаи сарозер шудани чархболи МИ-8 - 16 сарнишини он ба ҳалокат расида панҷ нафар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти низомӣ гуфтанд, ки нишонаҳои кори дасти гурӯҳҳои шӯришӣ будани суқути ин чархбол мушаххас нест. Interfax хабар дод, ки ин чархбол моли ширкати ҳавопаймоии "Вертикал-Т" аст. Дар нақли қавл аз як дипломати рус Андрей Вадов ин хабаргузорӣ мегӯяд, ки дар миёни қурбониҳо ҳеҷ як шаҳрванди Русия набудааст.
XS
SM
MD
LG