Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии дӯстонаи "Локомотив" ва "Регар-Тадаз"


Як хабаргузории варзишии интернетӣ (www.championat.ru) гузориш медиҳад, ки рӯзи 28 июл дастаи футболи "Локомотив"-и Маскав бо тими "Регар-Тадаз"-и Тоҷикистон як бозии дӯстона анҷом хоҳад дод. Дар ин бора Шариф Назаров, мураббии дастаи "Регар-Тадаз" хабар додааст. Мураббии маъруфи тоҷик гуфтааст, ки "Локомотив"-ро ҳамчун яке аз беҳтарин бошгоҳҳои варзишии на фақат Русия, балки Аврупо мешиносад. Сомонаи интернетии championat.ru аз қавли Назаров меафзояд, ки дар баргузории ин мусобиқаи футболбозон "сад дар сад" мутмаин аст. Аз рӯи ин хабар, бозӣ дар Душанбе баргузор шуда аз ҷониби "Локомотив" бозигарони мухталиф ширкат хоҳанд кард. "Аммо маъруфтарин бозигарони ин даста, ба мисли Одемвингие, Сичев ва Билолиддинов дар Маскав хоҳанд монд".
XS
SM
MD
LG