Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниш ба видеои сарбози амрикоӣ


Сарбози рабудашудаи амрикоӣ дар навори видеое, ки Толибон пахш карданд, мегӯяд, бими инро дорад, ки ба хонааш барнахоҳад гашт.

Низомиёни амрикоӣ дар Кобул таъйид карданд, ки дар навори видеоии ҷангиён, ки дар Интернет пайдо шудааст, сарбози нопадидшудаи худро шинохтаанд.
Ман маҳбубае дорам, ки интизори рӯзи арӯсӣ бо ман аст. Ман бобову бибӣ дорам. Ман як оилаи хеле ва хеле хуб дорам ва бисёр мехоҳам ба Амрико баргардам...

Ҷон Сток, сухангӯи низомиён гуфт, ки "истифодаи сарбозе бо ҳадафҳои ташвиқи ақоиди ҷангиён корест хилофи қонунҳои байналмилалӣ."

Вай афзуд, ки низомиён ҳоло ҳама талошашонро ба харҷ медиҳанд, то ки ин сарбози гумшударо саломат пайдо кунанд.

Навори видеоии 28-дақиқаина, ки рӯзи шанбе аз ҷониби Толибон пахш шуд, сарбози асиреро ба намоиш мегузорад, ки мегӯяд, асорат боиси аз даст рафтани ҷасорату манотати сарбоз мешавад ва ӯ ҳарос дорад, ки дигар шояд ба хона баргашта натавонад. Ин сарбоз мегӯяд:

"Ман маҳбубае дорам, ки интизори рӯзи арӯсӣ бо ман аст. Ман бобову бибӣ дорам. Ман як оилаи хеле ва хеле хуб дорам ва бисёр мехоҳам ба Амрико баргардам. Ман онҳоро ҳар рӯз ёд мекунам ва метарсам, ки дигар ба дидори онҳо намерасам. Метарсам, ки дигар ҳеҷ гоҳ гуфта наметавонам, ки чӣ қадар дӯсташон медорам ва ҳеҷ гоҳ онҳоро ба оғӯш кашида наметавонам."

Пентагон ҳувияти ин сарбозро ошкор намекунад. Аз рӯи маълумоти расмӣ, ин сарбоз охири моҳи июн ҳангоми тарки қароргоҳи низомӣ карданаш ҳамроҳ бо се ҳамкори афғонаш дар минтақаи шарқии Пактико нопадид шуд.

Дар як бахши ин навор сарбоз бо либоси афғонӣ чорзону дар рӯи замин нишаста гаҳ-гоҳе ғизо мехӯрад.

Садои наворбардоре аз сарбоз мепурсад, ки оё вай ба ҳамватанонаш дар Амрико ҳеҷ паёме дорад ё на. Сарбоз илтиҷо мекунад: "илтимос, моро ба хонаамон баред, то ки ба маконе, ки тааллуқ дорем, биравем. Мо дар ин ҷо вақтамонро зоеъ карда ҳаёти худро бо хатар рӯбарӯ мекунем, дар ҳоле, ки ин нирӯи худро дар кишвари худ ба кор бурда метавонем".

Хабаргузории Ассошиейтед Пресс дар нақли қавл аз як манбаи Толибон, ки номаш бурда намешавад, мегӯяд, эҳтимолан ин сарбозро гурӯҳи таҳти раҳбарии фармондеҳи Толибон Мавлавӣ Сангин, ки дар ҳамин минтақа амал мекунад, нигаҳ медоранд. Вале ин маълумот ҳоло бояд тавассути манобеи мустақил таъйид шавад.

Манбаъҳои амниятии Афғонистон хабар доданд, ки артиш дар ҳамкорӣ бо нирӯҳои эътилофӣ таи ду ҳафтаи ахир бо ҷустуҷӯи ин сарбоз машғул ҳастанд. Нирӯҳои амрикоӣ барои пайдо шудани паи сарбоз подоше ваъда кардаанд.

Сухангӯи Толибон дар сӯҳбат бо Ассошиейтед Пресс гуфтааст, ки ҷангиён, ки сарбозро дар асорат нигоҳ медоранд, барои раҳоии ӯ ҳанӯз ҳеҷ талабе пеш нагузоштаанд.
XS
SM
MD
LG