Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Низоъи "Мемориал" ва президенти Чеченистон


Тазоҳуроти ёдбуд аз Наталия Эстемирова дар Маскав, 16-уми июли соли 2009.

Тазоҳуроти ёдбуд аз Наталия Эстемирова дар Маскав, 16-уми июли соли 2009.

"Мемориал", маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Русия баъди куштори як фаъоли ин созмон Наталия Эстемирова дар Чеченистон бахшҳои худро дар ин ҷо баст.

Наталия Эстемирова рӯзи чоршанбе аз ҷониби гурӯҳи номаълум зӯран ба мошине нишонда шуда ба самти номаълум интиқол дода шуд ва баъди чанд соат ҷасади тирхӯрдаи ӯ дар наздикиҳои Ингушистони ҳамсоя ошкор гардид.

Раиси маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари созмони "Мемориал" Олег Орлов дафъатан бо пахши изҳороте масъулияти куштори ҳамкорашро ба дӯши Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳурии Чеченистон вогузор кард. Худи Қодиров, ки куштори Эстемироваро маҳкум карда буд, баъдан таҳдид кард, ки ин созмонро барои тӯҳмат ба додгоҳ мекашонад.

Дар сӯҳбати имрӯза бо радиои Озодӣ аз Александ Черкасов, узви шӯрои "Мемориал", ки тоза аз минтақаи Қафқоз баргаштааст, нахуст хоҳиш кардам тасмими ин созмон роҷеъ ба бастани дафтарҳои намояндагиаш дар Чеченистонро шарҳ дод. Ӯ чунин гуфт:

Александр Черкасов
"Бешубҳа Наташа шояд беҳтарин ҳамкори мо буд, аммо куштори ӯ қимати хеле баланд барои кори фаъолони ҳуқуқи башар дар Чеченистон аст. Мо кори дафтарҳои худро дар Чеченистон бозмедорем ва акнун фикр мекунем, ки иқдоми баъдии мо чӣ мешавад. Медонед, маълумоте, ки аз дохили минтақа дар бораи қонуншиканиҳову поймолкунии ҳуқуқи инсон аз ҷониби мақомоти маҳалливу кормандони ҳифзи ҳуқуқ мерасад, як чизи даҳшатнок аст. Гузоришҳои охирине, ки Наташа дар ихтиёри мо қарор медод, дар бораи оташзании манзилҳои хешу ақрабои онҳое хабар медод, ки мақомот онҳоро ҷангӣ мегуфтанд, ҳодисаҳо оид ба иҷрои ҳукмҳои қатл дар мазҳари ом, ки дар давоми даҳ соли охир шояд бесобиқа будааст ва ғайра ҳамааш даҳшат аст. Вале набуди маълумот, набуди маълумоти кормандони мо дар бораи он чи ки дар дохил мегузарад, шояд аз ин ҳам даҳшатноктар бошад. Шумо баъзе дастгоҳҳоеро медонед, ки бораи санҷиши мизони чизе хизмат мекунанд, агар ақрабак ба сатҳи баландтарин бирасанд, хати сурхро нишон медиҳанд ва ҳолатҳое мешавад, ки дигар ақрабак аз ҳамон хати сурх ҳам мегузарад. Ин маънои онро дорад, ки вазъ аз ҳама меъёери ҳадди аксар ҳам аллакай гузаштааст. Ба назари мо, ҳоло вазъ дар минтақа ба ҳамин дараҷа бад аст. Мо ҳоло фикр хоҳем кард, ки иқдоми баъдии мо чӣ мешавад, чӣ тавр метавонем амалиёти кӯмакрасонӣ ба мардуми Чеченистонро идома бидиҳем, чӣ тавр мурофиаҳои додгоҳиеро, ки дар онҳо ширкат мекунем ва сабти номи нафарони гумномшударо ба кадом шакл идома бидиҳем. Яъне ҳоло мо мебинем, ки кори мо дар заминаи назорат ва бақайдгирии ҷиноятҳое, ки содир мешаванд, як хатари воқеӣ ба ҷони кормандони мо аст".

Озодӣ: Аз забони ҷаноби Орлов як изҳороти хеле шадидлаҳн садо дод, ки рӯирост дар куштори Наталия Эстемирова раиси ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодировро муттаҳам мекард. Ӯ ошкоро гуфт, ки Қодиров "душмани шахсии" Эстемирова буд ва ба ӯ зиёд таҳдид мекард. Қодиров ҳам баъдан гуфт, ки созмони шуморо барои бӯҳтон ва ҳимояти шаъну эътибори худ ба додгоҳ мекашонад. Дар сурате, ки кор воқеан ҳам то додгоҳ бирасад, шумо омода ҳастед, ки иттиҳомоти зидди Қодировро собит кунед?

"Бидуни шак омода ҳастем, ки аз худ дифоъ кунем. Суханҳои худи Рамазонро мешавад ёдовар шуд, ки гуфта буд, "бале, ӯ ва нафарони ӯ одам куштаанд, аммо одамҳои бадро куштаанд". Худи ӯ чизҳои хеле зиёд гуфтааст. Ҳоло даҳшат ин аст, ки як одами хеле хуб кушта шуд. Мартабаи Қодиров набояд касеро гумроҳ кунад. Инсоне кушта шудааст, ки бояд зиндагӣ мекард".

Ва охирин савол. Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар Олмон раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев дар бораи кушта шудани Наталия Эстемирова изҳорот дод ва ин ҳодисаро "як амали таҳрикомезе" қаламдод кард, ки "бо фаъолиятҳои касбии ӯ
Президенти Русия Дмитрий Медведев дар нишасти хабарии муштарак бо сарвазири Олмон, Ангела Меркел. 16-уми июли соли 2009.
вобастааст". Вай аз заҳматҳои ин фаъоли ҳуқуқи башар ситоиш кард ва гуфт, ки кори ӯ барин фаъолон ҳарчанд дар чашми мақомот на ҳамеша "хушоянд" аст, аммо хеле муҳим ва зарур мебошад. Хулоса, ин, ба назари ман, нахустин бор аст, ки дар давоми 10-15 соли охир раҳбари Русия дар бораи кори як фаъоли ҳуқуқи башар дар кишвараш бо чунин лаҳн сӯҳбат кард. Медведев гуфт, ки ин куштор бояд мӯшикофона таҳқиқ ва дастандаркорони он бояд муҷозот шаванд. Ба ҳар ҳол, дар замони Путин ингуна изҳоротро дар ҳақи як фаъоли ҳуқуқи башар дар Чеченистон шунидан амри маҳол буд. То куҷо шумо ба ин суханҳо эътимод дореду аслан ба адолати додгоҳӣ дар аҳди раиси ҷумҳурии кунуни Русия мешавад умед баст?


"Мефаҳмед, ин ҷо бисёр чиз аслан на аз Медведев, балки аз онҳое вобаста аст, ки дар сатҳи поин кор мекунанд. Ман ба таҳқиқи билофосилаи ин парванда бовар надорам, гузашта аз ин, дар ҳолате, ки Рамазон Қодиров гуфт, ки ҷараёни тафтиши ин ҳодисаро шахсан зери назорати худ мегирад. Ман бисёр метарсам, ки одамҳои тасодуфиро қотил мегӯянду ва ин бечораҳо ҳам кушторро эътироф хоҳанд кард. Ин як таҷрибаи маъмулӣ дар он ҷоҳо мебошад ва дар ин бора, зимнан, на як бору ду бор худи Наталя Эстемирова гузоришҳо додааст. Бале, қотилон бояд пайдо шаванд, аммо худо кунад, ки талош барои исботи чизе боиси сар задани ҷиноятҳои нав нашавад".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG