Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назари сокинони Тавилдара ба нооромиҳо


Модаркалонҳои Тавилдара, 16-уми июли соли 2009.

Модаркалонҳои Тавилдара, 16-уми июли соли 2009.

Даргириҳо дар ноҳияи Тавилдара мардуми ин минтақаро шадидан нигарон кардааст ва онҳо мегӯянд, хостори зиндагии осоишта мебошанд.

«Бачам, ман ҳамагӣ ду фарзанд дорам. Як духтару як писар дорам ва аз ҳамин ду фарзанд 80 набераву абера дорам. Сад бор шукри ҷони ҳамин фарзандонро мекунам ва дуо мекунам, ки аз ин балоҳо худо нигаҳбонашон бошад»
Бачам, ман се ҷанга дидам. Азобҳоиву ғаму ғуссаи бисёра дидам. Чандин хешу наздикомона аз даст додем. Нав акнун гуфтем миёнамонро рост мекунем, ки ина боз сар карданд...

Момои Сайрам, чунин ном мебаранд ҳамдеҳагон дарозумртарин сокини деҳаи Ғарибони ноҳияи Тавиладараро. Ба ҳисоби худи ӯ, вай 115-116 сола аст, аммо пайвандонаш мегӯянд вай 114 сол дорад. Дақиқ набудани соли таваллуди момои Сайрам бозгӯйи онро мекунад, ки дар солҳои шӯравӣ дар кӯҳистони дурдасти Тоҷикистон, сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуд мисли дигар асноди шаҳрвандӣ, начандон кори саҳл буд.

Ҳамдиёрон дар бораи момои Сайрам мегӯянд ӯ дар се қарн зистааст. Вай дар тӯли умраш шоҳиди се ҷанг будааст, вале мудҳиштарини онҳо ҷанги дуввуми ҷаҳон ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар аввали солҳои 90 қарни гузашта будааст, момои Сайрам пайвандони зиёдашро аз даст додааст.

«Бачам, ман се ҷанга дидам. Азобҳову ғаму ғуссаи бисёра дидам. Чандин хешу наздикомона аз даст додем. Нав акнун гуфтем миёнамонро рост мекунем, ки ина боз сар карданд. Муҷоҳиданд, ё киянд, намедонам. Охир ҳар касе ҳастанд, мусулмонанд, худо буган охир аз ҳами ҷану ҷанҷол чӣ фоидаҳай? Охир, ташвиш намешавӣ. Шабу рӯз хоб нестум, худо мегум, ки тенҷира биёра. Дигар аз дасти ман чӣ меояд?»

Ба гуфтаи пайвандон адибону рӯзноманигорон, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ пайваста ба дидани ин зани умрдида меоянд ва нақлу қиссаҳои ӯро дар бораи ҳаводиси солҳои пешин ва зиндагии шахсии у пурсон мешаванд, аммо ҳоло бо оғози даргириҳои ахир дар минтақаи тавиладара вай каммеҳмон асту аз амнияти пайвандону ҳамдеҳагонаш нигарон.

«Мегӯянд, ки ҳоло ҳам ҳамун муҷоҳидон дар кӯҳанд. Нарафтанд, албатта, ҳукумат қапидашон наметона-ҳа? Чӣ хел кунем, ба худо месупоремшон».

Момои Сайрам дар робита ба асрори дарозумрии худ пас аз шукргузориву сипос аз ин ҳадяи худовандӣ гуфт, ҳамеша ғизои солим хӯрдааст ва ҳамеша ба мардум дасти кӯмак дароз кардааст. Вале вай мегӯяд аз ин умри дарозе ки дидааст начандон розӣ аст, зеро ӯ ки як умр бо меҳнати худ ва обилаи кафи дастон зиндагӣ кардаву дастнигари касе набудааст, намехоҳад, ки барои азизонаш ҳоло бори гарон бошад ва онҳоро азият диҳад.

«Шукри умри дарози додаи худо, лекин умри дароз ҳам қин аст. Ҷавонӣ дигар чиз аст. Ҳама чиза дар ҷавонӣ мебардорӣ. Ғамро ва ҳам шодиро ҳам. Шукронаи ҳамин фарзандону набераҳо ки маро хуб нигоҳубин мекунанд. Агар инҳо набошанд, барои ман бисёр душвор аст»

Момои Сайрам мегӯяд, қариб нисфи умрашро сарфи кишоварзӣ кардааст ва ҳоло 60 сомонӣ нафақа мегирад вале барояш ин муҳим нест, зеро фарзандону наберагонаш ӯро танҳо намегузоранд ва ӯро нигоҳубини хуб мекунанд, аммо мегӯяд вай, нооромиҳои минтақа, хоби роҳатро аз ӯ рабудааст ва коре, ки ин шабу рӯз аз ӯ бармеояд, танҳо дасти дуо бардоштан ҷониби офаридгор аст, ки ба Тавилдара ва деҳаи онҳо Ғарибон, ки яке аз мавзеҳои наздики даргириҳо мебошад, ҳарчӣ зудтар оромиву субот биёяд.

«Худоё худовандо ҳамаро дар паноҳут нигаҳ дор. Аз балоҳо офатҳо ва шарри шайтон нигаҳбон бош. Омин!»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG