Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи сафари Байден ба Украинаву Гурҷистон


Муовини раиси ҷумҳурии Амрико Ҷо Байден имрӯз бо нияти боздид аз Гурҷистону Украина Вашингтонро тарк мекунад. Ҳардуи ин ҷумҳурии собиқи шӯравӣ, ки баъди инқилобҳои ранга рӯ ба ғарб овардаанд, бо мушкилоти сиёсии зиёди вобаста ба Русия рӯбарӯ шудаанд. Байден қарор аст пуштибонии Амрикоро аз тамомияти арзии ин ду ҷумҳурӣ, ки хостори узвият дар НАТО мебошанд, таъкид кунад. Як сухангӯи Байден гуфт, ки алорағми мухолифатҳои Маскав дарҳои НАТО ба рӯи Гурҷистону Украина боз аст.
XS
SM
MD
LG