Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба манзили раиси полис дар Ингушистон


Полиси Ингушистон хабар дод, ки афроди мусаллаҳе ба ҷониби манзили як раҳбари полиси маҳаллӣ оташ кушоданд. Дар натиҷа, хоҳари ӯ кушта шуда худи вай ва дигар аъзои оилааш ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд. Бахши вазорати умури дохила дар Ингушистон хабар дод, ки гурӯҳи мусаллаҳи чаҳорнафара дар давоми шаби шанбе ба якшанбе манзили ин раҳбари полисро дар наздикии шаҳри Назран иҳота када бо истифода аз норинҷаку силоҳ ва туфанг ба ҷониби бошандагони ин манзил оташ кушоданд. Раиси полис Тимур Экажев ва чаҳор узви дигари хонаводааш ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд, ки ба ҳаёти онҳо хатар надорад. Ингушистон яке аз манотиқи доғтарини Қафқози Шимолӣ ба шумор меравад, ки вақтҳои охир шоҳиди ҳамлаҳои зиёд шудааст. Аз ҷумла моҳе пеш як сӯиқасд ба ҷони раиси ҷумҳурии Ингушистон рӯй дод, ки худи президентро маҷрӯҳ бар ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG