Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гейтс: "Нирӯҳо бояд дар Афғонистон комёб шаванд"


Вазири дифои Амрико Роберт Гейтс гуфт, ки нирӯҳои ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон бояд то тобистони соли оянда пешрафтҳоеро дар роҳи мубориза бо шӯришиён намоиш диҳанд, то ки дар миёни ҷомеа чунин андешае пайдо нашавад, ки гӯё ҷанги Афғонистон ғайри қобили бурдан аст. Гейтс дар сӯҳбат бо нашрияи The Los Angeles Times гуфт, ки пирӯзӣ бар Толибон дурнамои солҳои дигар аст ва мусаллам аст, ки Амрико тавони дар як сол хотима додани ҷангро надорад. Вале бо ин вуҷуд, гуфт ӯ, дар ин як сол нирӯҳои амрикоӣ бояд вазъро тағйир диҳанд, чунки дар акси ҳол пуштибонии ҷомеаро аз даст медиҳанд. Вай гуфт, ки баъди таҷрибаи Ироқ ҳеҷ кас дар ИМА омода нест, ки дубора ба самти бунбаст ҳаракат кунад.
XS
SM
MD
LG